Хабарҳо
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 20.06.2018 16:48
Дар Истаравшан корхонаи коркарди шир ба истифода дода шуд - 20.06.2018 16:45
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” - 20.06.2018 13:16
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - 20.06.2018 13:13
Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку - 20.06.2018 08:52
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид - 20.06.2018 08:51
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон - 19.06.2018 16:56
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар Тоҷикистон - 19.06.2018 15:36

Мастчоҳ. Масоили вобаста ба захираҳои оби тоза мавриди баррасӣ қарор гирифт

( 0 Овоз )

Дирӯз дар ноҳияи Мастчоҳ бо пуштибонӣ аз иқдоми нави созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 ва дар ин замина аз тарафи Раиси вилояти Суғд дар вилоят эълон гардидани Соли 2017- соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ таҳти унвони «Об- манбаи ҳаёт» ҷамъомад доир гардид.

Тавре аз шуъбаи ташкилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ҷамъомад бо иштироки намояндагони мақомоти маҳалии ноҳия ва ҷавонони фаъол доир гардида, ҳадафи он татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, истифодаи дурусту самараноки оби нӯшокӣ, огаҳӣ ёфтан аз масоили ҷаҳонии захираҳои оби тоза, расидан ба қадри ин манбаи ҳаёт, инчунин таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу ваҳдати миллӣ буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мастчоҳ. Масоили вобаста ба захираҳои оби тоза мавриди баррасӣ қарор гирифт