Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 декабри соли 2016, №544 Барномаи вилоятии “Соли 2017 - соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ”тасдиқ карда шуд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки мақсади асосии Барномаи вилоятии “Соли 2017 - соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ”ин бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии вилоят ва ба ин васила пешгирии хуруҷи касалиҳои сирояткунанда, ҳифзи саломатии одамон, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва таъмири шабакаҳои обрасонӣ мебошад.
Дар натиҷаи амалишаваии Барномаи вилоятии “Соли 2017 - соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” ҳолати хатҳои обтаъминкунӣ ва иншооти обистеҳсолкунӣ ба эътидол оварда шуда, сифати хизматрасонӣ беҳтар мегардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд