Хабарҳо
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53
Вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ - 18.07.2019 08:44
МУРОҶИАТИ ШАВҲАРИ ШОДРАВОН ФАЙЗИНИССО ВОҲИДОВА - 18.07.2019 06:03
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34

Маркази зообайтории Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтарин марказ дониста шуд

( 0 Овоз )

Дар вилояти Суғд ба бунёду ташкили марказҳои зообайторӣ  таваҷҷӯҳи зарурӣ равона карда мешавад. Зеро ба андешаи мутахассисон таъсиси чунин марказҳо аз як ҷиҳат барои гирифтани чорвои хушзот мусоидат намояд, аз дигар тараф барои фаровонии маҳсулоти шириву гӯштӣ замина хоҳад гузошт.

Бино ба иттилои Ориф Хоҷазода, муовини Раиси вилояти Суғд барои бунёди марказҳои зообайторӣ бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати ташкили чунин марказҳо ба 130 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят қитъаҳои замин ҷудо карда шуда, то имрӯз 75 маркази зообайторӣ дар вилоят таъсис дода шудааст.

Ҷиҳати ҳавасманкунии байторон соли равон бахшида ба Соли 2016-соли фарди солим дар байни кормандони соҳаи байтории вилояти Суғд озмуни вилоятӣ эълон гардида буд ва дар ин озмун марказҳои зообайторӣ низ иштирок намуданд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон маркази зообайтории ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтарин дониста шуда, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 4 000 сомонӣ қадршиносӣ гардид. Диплому мукофоти пулиро ба роҳбари марказ Носир Салимов вазири кишоварзии мамлакат Изаттуло Сатторӣ ва муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Маркази зообайтории Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтарин марказ дониста шуд