Хабарҳо
Пешвои миллат дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 24.01.2020 16:03
Хуҷанд. Дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол 30 даста миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд - 24.01.2020 15:58
Имсол тантанаҳои наврӯзӣ дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад - 24.01.2020 16:01
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Спартакидаи варзишӣ оғоз гардид - 24.01.2020 15:56
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00

Дарвозаи рамзии Истаравшан аз байн бардошта мешавад

( 0 Овоз )

Дарвозаи рамзии шаҳри Истаравшан, ки ба талаботи таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷавобгӯ набуда, боиси рух додани шумораи зиёди садамаҳои нақлиётии ҳалокатовар гардида буд, аз байн бардошта мешавад.

Иқдоми аз байн бардоштани дарвозаи рамзии шаҳр бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва ба ин васила ҳифз намудани ҳаёту саломатии иштирокдорони ҳаракат дар роҳ гирифта шудааст.  Зеро тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд то соли 2016 дар ин дарвоза 9 садама рух додааст, ки дар он 8 нафар ба ҳалокат расидаву 14 кас ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Бино ба иттилои мудири Шӯъбаи нақлиёт ва комуникатсияи дастгоҳи Раиси вилоят Олимҷон Азаматов дар асоси қарори Комиссияи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ҷумҳурӣ имрӯз 7 июл гурӯҳи корӣ ба шаҳри Истаравшан сафар намуд ва ин дарвоза аз сари роҳ гирифта мешавад. Барои анҷоми корҳо техникаҳои зарурӣ сафарбар гардидаанд.

Дарвозаи мазкур дар километри 245-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан қарор дошт ва он расман соли 2008 ба истифода дода шуда буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дарвозаи рамзии Истаравшан аз байн бардошта мешавад