Хабарҳо
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40
Боздиди Раиси вилоят аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” ​ - 18.06.2019 18:02
Саҳми кормандону ҳунармандони Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар рушди санъати миллӣ назаррас аст - 18.06.2019 16:27
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни насби таҷҳизот дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик” - 18.06.2019 15:37

Телевизиони вилояти Суғд 25 сола шуд

( 6 Овоз )

Санаи 15 декабри соли 1990 шабакаи телевизионии Суғд  ба фаъолият шуруъ кард ва он яке аз аввалин телевизионҳои вилоятӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд.

Барномаҳои телевизион бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ омодаю пахш шуда, он дар давоми фаъолияти хеш барои инъикоси мавзӯъҳои муҳимми ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва дастовардҳои ҷумҳурию вилоят саҳми назаррас дорад.

Шурӯъ аз соли 2007  барномаҳои телевизиони вилоят ба пахши ҳаштсоата гузашта, сол аз сол сифати техникии пахш ва фарогирии он бомаром хубтар мегардид. Ҳоло теъдоди тамошобини телевизиони вилоятӣ  беш аз 1,5 млн нафарро ташкил медиҳад.  Барномаҳои телевизиони вилояти Суғдро на танҳо сокинони шаҳру навоҳии вилоят, балки дар ноҳияхои наздисарҳадии Ӯзбекистону Қирғизистон низ тамошо менамоянд. Телевизион дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мухбирони махсуси худро дорад, ки барои инъикоси саривақтии воқеа ва рӯйдодҳои муҳим мусоидат мекунанд.

Ҳамарӯза  баҳри тамошобинони телевизиони вилояти Суғд барномаҳои гуногун, чун «Ахбор», «Паёми Суғд», «Фурўғи шом», «Набзи иқтисод», «Мизони қонун», «Фарҳанг ва ҳунар», «Робита», «Афкор», «Калтак», «Қарор ва иҷрои он» ва чандин барномаҳои дигар омода ва пахш мешаванд.

Бояд гуфт, ки телевизиони вилояти Суғд дар байни бинандагон яке аз маҳбубтарин ва аз ҷиҳати возеҳияти иттилоот раками якум шуморида шуда, он чун ҳамқадами истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ар ин фурсат тавонист симои ҳақиқии хешро дар мазҳари таваҷҷуҳи бинандаи худ пайдо намояд ва рисолати аслии хешро ба иҷро расонад.

Дар назар аст чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25-солагии телевизион 19 декабр дар Кохи Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарияти вилоят, меҳмонон  ва гурӯҳи васеи рӯзноманигорону қаламкашони вилоят доир гардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Телевизиони вилояти Суғд 25 сола шуд