Хабарҳо
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41
Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 16.01.2019 14:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао - 15.01.2019 16:26
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 16.01.2019 10:29
Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд - 15.01.2019 16:22
Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан - 15.01.2019 16:24
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990» - 16.01.2019 08:42
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 - 16.01.2019 08:40
Дар Истаравшан бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ва маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт - 15.01.2019 16:19
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари корхонаи муштараки “Хуаксин Ғаюр Суғдсемент” Лю Хунчао - 15.01.2019 17:06

Дилафрӯз Сангинова директори Донишкадаи политехникӣ таъин шуд

( 0 Овоз )
Дилафрӯз Сангинова директории Донишкадаи политехникӣ таъин шуд

Дар асоси пешниҳоди ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ҳайдар Одинаев ва фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид аз 17 апрели соли 2015 таҳти рақами 898 номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова, ки қаблан дар вазифаи муовини директор оид ба таълими Донишкадаи политехники Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳамзамон бо пешниҳоди сарвари ҳамин донишгоҳ ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 899 аз 17 апрели соли равон номзади илмҳои физика ва математика Хуршед Мақсудов ба вазифаи муовини директори донишкада оид ба таълим таъин гардид.

Ба ин муносибат рӯзи гузашта дар маҷлисгоҳи донишкада бо иштироки ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Ҳайдар Одинаев, роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Ғафур Зоиров,  сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Анвар Мақсудов ва устодону шогирдони донишкада маросими муаррифии сарвари нави донишкада доир гардид.

Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Ғафур Зоиров табрикоти Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонда, аз ҷумла қайд, ки имрӯз воқеан ҳам донишкадаи мазкур макони тарбияи кадрҳои баландихтисос буда, бо таъин шудани кадри ҷавону болаёқат минбаъд низ чун муассисаи пешрав фаъолият хоҳад бурд.

Дар фарҷом директори тозаинтихоб Дилафрӯз Сангинова барои эътимоду боварӣ ба Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, афзуд, ки мувафаққиятҳои донишкада аз якдиливу сарҷамъии кулли кормандонаш ба даст омадааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дилафрӯз Сангинова директори Донишкадаи политехникӣ таъин шуд