Хабарҳо
Дар вилояти Суғд 21 иншооти нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 10.07.2020 10:30
МАВҶИ ДУЮМИ КОРОНАВИРУС. Дар кадом кишварҳо дубора карантин ҷорӣ карда мешавад? - 10.07.2020 09:34
Боздиди Раиси вилоят​ аз​ корхонаи​ ресандагии ҶДММ «Сомон гуруҳ» - 09.07.2020 14:29
Гулистон. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 129 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд​ - 09.07.2020 14:27
Исфара. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 125 миллиону 832,7 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид - 09.07.2020 09:49
Хуҷанд. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 119,4 миллион доллари амрикоиро ташкил кард - 09.07.2020 09:47
Раиси вилоят сокини 105 солаи ноҳияи Деваштич Мастура Калоноваро аёдат намуд - 08.07.2020 16:52
Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ростровут бо сохтмони бинои таваллудхона шинос шуд - 08.07.2020 16:51
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой - 08.07.2020 16:49
Дар ноҳияи Деваштич 5400 гектар картошка кишт карда шудааст - 08.07.2020 16:48

Сафари кории Сарвазир ба вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Сипас, Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз рафти сохтмони нақби Шаҳристон огоҳ гардиданд. Дар ин иншооти бузурги коммуникатсионӣ баъди ба ҳам пайвастани нақб аз қисмҳои ҷанубу шимол марҳилаи навбатии сохтмони иншооти ёрирасон вусъат ёфта, тайи ду ҳафтаи охир бунёди таҳкурсии роҳ дар дохили тунел, сохтмони канали кабелҳо ва кашидани  кабел ва қубурҳои обпартои марказӣ, бетонкории равоқи дойрашакл  дар масофаи 5 ҳазору 253 метр анҷом ёфт.

Бетонкории қисми мошингарди роҳ ба охир  тадриҷан наздик мешавад ва то  интиҳои ин амалиёт 595 метр мондааст. Дигар корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла пӯшонидани деворҳои давродаври дохили нақб ва насби маводи зидди сӯхтор, корҳои рангу пардоздиҳӣ, чароғонкунӣ, васли таҷҳизоти иншооти ҳавокашӣ идома дорад.

Дар даромадгоҳи нақби Шаҳристон иншооти   истифодаву нигоҳдории роҳи ағба бунёд мешавад ва дар ин иншоот низ корҳои бунёдкорӣ вусъат мегирад. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонии нақб ва сӯҳбат бо коргарону мутахассисон аз суръати вусъат ва сифати корҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.  Дар сохтмони иншооти муҳим бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кӯмаку мусоидати Ҳукумати ҷумҳурӣ қувваҳои иловагӣ ҷалб карда шуданд. Аз ҷумла, шумораи коргарон зиёд гардида, алҳол дар сохтмон 600 нафар фаъолият доранд. Ҳамчунин барои сари вақт ба иҷро расонидани сохтмони  нақби Шаҳристон иловатан 200 адад мошину механизимҳо аз ҳисоби ҷумҳурӣ, сохторҳои марбутаи вилояти Суғд ва ҷамъияти саҳҳомии «Роғунстрой» ҷалб шудааст, ки ин яке аз омилҳои суръат ёфтани корҳо дар сохтмони нақб мебошад. Бино ба иттилои мутасаддиён, бунёди нақби Шаҳристон бо кӯмаку мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои марбута ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  ва ҳамчунин  Ширкати сохтмони роҳ ва кӯпрукҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой «Чайна-роуд»  дар назар аст, ки  дар мӯҳлати муайяншуда анҷом ёбад.

Сарвазири ҷумҳурӣ бо ҳама самтҳои кор аз наздик шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам суръат бахшидан, мутобиқ ба меъёрҳо бунёд шудани ҳамаи иншооти асосиву ёрирасони нақби Шаҳристон  дастуру супоришҳои мушаххас дод. Баъд аз нисфирӯзӣ сафари кории Сарвазири мамлакат  Оқил Оқилов дар  вилояти Суғд ба анҷом расид.

Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сафари кории Сарвазир ба вилояти Суғд