Хабарҳо
Ифтитоҳи муассисаи томактабии хусусӣ дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:41
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:42
Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №107 дар шаҳри Панҷакент - 13.09.2019 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара мулоқот намуданд - 13.09.2019 09:02
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳанги ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд - 13.09.2019 08:52
Ифтитоҳи маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:35
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:36
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Панҷакент ​ ​ - 12.09.2019 15:18
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:36
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:44

Ифтитоҳи корҳои мумфаршкунӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилоят

( 0 Овоз )

Қоҳир Расулзода сараввал сокинони шаҳр, масъулони соҳаро ба муносибати ҷашни пуршукӯҳи миллат 21 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, қайд намуд, ки имрӯз бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон диёрамон рӯз аз рӯз ободу зебо гашта истодааст.

Имрӯз ба шарафи ҷашнҳои бузурги миллат мумфаршкунии роҳҳо дар шаҳри Хуҷанд, бахусус, кӯчаи ба номи Гагарин то кӯпруки «Ҷашнӣ» оғоз гардид, ки ин ҳама шаҳодати ғамхориву дастгирии давлату ҳукумат мебошад.Чунин корҳо дар роҳҳои марказии тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастуру супоришоти Сарвари давлат амалӣ шуда истодааст.

Раиси вилоят ҳамчунин гуфт, ки роҳ ин ободӣ аст. Мо -мардуми Хуҷандшаҳр бояд барои ободу зебо гардидани маркази вилоят бетараф набошем. Имрӯз аз тамоми кишварҳои хориҷӣ меҳмонон меоянд ва аз маданияти шаҳрдории мо огоҳ мешаванд.

Дадаҷон Раҷабӣ - нависанда ва аъзои Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ минатдории худ ва мардуми шаҳрро ба Раиси вилоят расонида, гуфт, ки хуш будани фасли сол аз баҳораш ва ободии шаҳр, пеш аз ҳама, аз нигоҳ доштани роҳҳои дохилишаҳриаш маълум мегардад. Имрӯз Хуҷанди қадимаро ҷаҳон бо фарзандони асилаш мешиносад ва мо, фарзандони ин шаҳри бостонӣ кӯшиш намоем, ки мисли аҷдодони худ Хуҷандро зеботару барнотар бинамоем.

Сипас Раиси вилоят аз рафти мумфаршкунии роҳ дидан карда, барои ба анҷом расонидани он то санаи 20- уми сентябр супоришҳои қатъӣ дод. Лозим ба таъкид аст, ки дар маҳаллаҳои мазкур сохтмони роҳ бо сифати баланд ҷараён дошта, хатҳои зеризаминии об, ки дар зери роҳҳои мошингарди ин маҳал ҷой гирифтаанд, пурра таъмир карда шудаанд. Абдусамад Сатторов -сардори идораи сохтмони вилоят гуфт, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки бароимумфаршкунии роҳ ва қубурҳои обгузари он масраф хохад шуд. Роҳҳои дохилии шаҳр бо паҳноии 17 метр ба дарозии 2,57 км сохта мешавад ва он бар дӯши ширкати тоҷикиюу хитоӣ гузошта шудааст.

Раиси вилоят барои босифат анҷом додани корҳои асосӣ ба масъулини соҳа гуфт, ки таъмиру тармими роҳҳои дохилӣ дар арафаи ҷашни 20 солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон барои ободу зебо намудани кӯчаҳои шаҳр мусоидат менамояд ба ин шароит ба мо имкон медиҳад, ки дар баробари азнавсозии роҳ ва чароғонкунии кӯчаву маҳаллаҳо низ оғоз кунем. Раиси вилоят ба хонаҳои дар сари роҳбуда таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба масъулин супориш дод, ки барои ҳарчи зудтар таъмир кардани хонаҳои баландошёнаи барои роҳ тадбирҳои самрабахш андешанд.

Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи корҳои мумфаршкунӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилоят