Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 24.01.2022 12:43
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 20.01.2022 21:21
Дар Истаравшан теъдоди стипендияҳои раиси шаҳрро зиёд карданд - 20.01.2022 17:04
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ВА БАРРАСИИ ДУРНАМОИ НАВ - 20.01.2022 17:02
COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз як миллион воя воксина бар зидди коронавирус ворид гардид - 18.01.2022 14:17
Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз ИМА 6 медали нуқраву биринҷӣ оварданд - 18.01.2022 09:15

Дар соли 2021 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ 106,2 фоиз таъмин гардид

( 0 Овоз )

Соли 2021 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 106,2  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3277,1 млн. сомонӣ  ворид карда шуд, ки аз нақша 192,5 млн. сомонӣ зиёд аст.

Дар соли 2021 ба буҷети маҳаллии вилоят 2435,2 млн. сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 157,1 млн. сомониро ташкил дод, ки баробари 106,9 фоизи нақша мебошад.

Чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 1097,5 млн. сомонӣ, тандурустӣ 543,3 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 23,1 млн. сомонӣ,  фарҳангу варзиш 215,4 млн. сомонӣ ва дар маҷмўъ 1879,3 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 79,0 фоизи хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.

Дар соли 2021 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 572,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, 593,5 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки баробари 103,7 фоизи нақша мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар соли 2021 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ 106,2 фоиз таъмин гардид