Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 24.01.2022 12:43
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 20.01.2022 21:21
Дар Истаравшан теъдоди стипендияҳои раиси шаҳрро зиёд карданд - 20.01.2022 17:04
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ВА БАРРАСИИ ДУРНАМОИ НАВ - 20.01.2022 17:02
COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз як миллион воя воксина бар зидди коронавирус ворид гардид - 18.01.2022 14:17
Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз ИМА 6 медали нуқраву биринҷӣ оварданд - 18.01.2022 09:15

Суғд: Соли 2021 зиёда аз 138 ҳазор нафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳо боздид намуданд

( 0 Овоз )

Дар соли 2021 аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилояти Суғд зиёда аз 138,2 ҳазор нафар, аз ҷумла 2,3 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ боздид намудаанд.

Дар ин бора аз шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар дода, афзуданд, ки дар соли 2021 дар вилоят ҳамзамон ду ширкати сайёҳӣ таъсис ёфта, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 ширкати сайёҳӣ  ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд.

Ба иттилои манбаъ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 93 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 62 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истеҳсолӣ, 4 лагер, 1 хона ва 1 базаи истироҳатӣ бо ғунҷоиши 6873 ҷой, 44 осорхона ва 753 мавзеи таърихӣ, 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият мебаранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Соли 2021 зиёда аз 138 ҳазор нафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳо боздид намуданд