Доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Корея ва вилояти Суғд роҳҳои рушди ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд

( 0 Овоз )

26 ноябр ҳайате иборат аз соҳибкорони Ҷумҳурии Корея ба вилояти Суғд ташриф меорад.

Соҳибкорони Ҷумҳурии Корея бо ҳамтоёни тоҷики худ роҳои рушди ҳамкориҳо ва тақвияти муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард.

Қарор аст 27 ноябр мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Корея сурат гирад.

Соҳибкорони Корея ҳамзамон бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", корхонаҳои саноатии "Ҷавонӣ" ва "Сано" шинос мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд