Мулоқоти Раиси вилоят бо муовини ҳокими вилояти Фарғона

( 0 Овоз )

8 сентябри соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хуршедҷон Аҳмедов ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Меҳмонон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои идона ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз вориди вилоят шуда, дар маҷлиси тантанавие, ки дар Қасри Арбоб доир шуд,  ширкат варзиданд.

Раҷаббой Аҳмадзода Хуршедҷон Аҳмедов ва ҳамроҳонашро ба Суғди бостон хайрамақдам гуфта, аз густариши робитаҳои миёни вилоятҳои ҳаммарз изҳори қаноатмандӣ кард. Таъкид гардид,  ки бо сиёсати созандаи сарони олии ду мамлакат ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда шуда, рӯз ба рӯз тақвият ёфта истодааст.

Муовини ҳокими вилояти Фарғона дар зимн аз номи роҳбарияти вилоят фарорасии ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони вилоят табрик намуда, таманниёти ҳокими Фарғонаро расонид.

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ баҳри таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки муовини ҳокими вилояти Фарғона ва ҳамроҳонаш ҳамчун меҳмонони ифтихорӣ дар роҳпаймоии умумихалқӣ, ки 9 сентябр доир хоҳад шуд, иштирок мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд