Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон - 24.09.2021 17:19
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - 24.09.2021 09:50
Ашт. Иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари пахтачинӣ - 23.09.2021 19:00
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд - 23.09.2021 16:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд - 23.09.2021 16:40
Президенти мамлакат дар Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд - 23.09.2021 16:34
Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд чорабинӣ доир гардид - 23.09.2021 10:10
Ба зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби "Тоҷикон" - туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 63 940 нусха дастрас гардид - 23.09.2021 10:08
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Гулистон - 23.09.2021 09:57
Нашри китоби "30 баҳори Истиқлол" дар Хуҷанд - 22.09.2021 15:55

Ба сохтмони бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оғоз бахшида шуд

( 0 Овоз )

8 сентябри соли 2021 бо сохтмони бинои иловагии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Ю.Б. Исҳоқӣ санги асос гузошта шуд.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид,  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, ҳайати меҳмонон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.

Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни сӯҳбат бо устодону донишҷӯёни коллеҷи мазкур ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфта, бунёди бинои иловагии таълимиро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Тибқи лоиҳа бино 4095,40 м2 масоҳат дошта, он аз 4 ошёна ва 1 таҳхона иборат мебошад, ки барои сохтмони он тибқи харҷнома сенздаҳ миллион сомонӣ маблағ сарф мегардад.

Дар бино 5 адад утоқи корӣ, 17 адад синфхонаи таълимӣ барои 510 нафар донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин дар таҳхона ошхона, 1 адад утоқи кории бойгонӣ, 1 адад синфхонаи компутерӣ ва китобхонаи электронӣ барои 100 нафар донишҷӯён, 1 адад утоқи корӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Айни замон  дар коллеҷ 275 нафар, аз онҳо 1 нафар номзади илми тиб, 3 нафар докторант, зиёда аз 10 нафар аспиранту унвонҷӯ, 52 нафар сармуаллим,  29 нафар ассистент, 107 нафар коромӯз ва 73 нафар магистрантон фаъолият бурда истодаанд. Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз соли 2018, №18/35 низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Ю.Б. Исҳоқӣ ба роҳ монда шудааст.

Теъдоди умумии донишҷӯён 4098 нафарро ташкил дода, аз рӯи ихтиссосҳои кори момодоягӣ, кори тиббӣ-ташхисӣ, кори ҳамширагӣ, кори табобатӣ, кори дандонсозӣ, кори фарматсевтӣ, кори тиббӣ-офиятӣ, кори тиббӣ- профилактикӣ таҳсил мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба сохтмони бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оғоз бахшида шуд