Хабарҳо
Ба куҳҳои ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи муфлони аврупоӣ оварда шуд - 03.06.2020 17:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон - 03.06.2020 13:46
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич - 03.06.2020 12:55
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12

Дар шаҳри Бӯстон оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва вусъати корҳои ободонӣ мулоқот доир шуд

( 0 Овоз )

Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бо аҳли ҷамоати шаҳр мулоқот доир гардид.

Роҳбари шаҳр нахуст аз пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ, аз қабили бемории сироятии намуди нави коронавирус, саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони ибрози назар намуд.

«Имрӯз сирояти коронавирус кулли мардуми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Хушбахтона, дар мамлакати мо ин бемории сироятӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки баҳри пешгирии ин вируси марговар аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ба тавсияи табибон ва қоидаҳои аввалини тиббию санитарӣ риоя намоем»,-гуфт Р. Ҳошимзода ва тадбирҳои андешидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус шарҳ дод.

Муовини якуми раиси шаҳри Бӯстон Қаюмҷон Маҳмудзода оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вобаста ба омодагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.

Ҳамзамон  сартабиби беморхонаи марказии шаҳр Умедҷон Абдуллоев вобаста ба ҳолати омодабоши муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳри Бӯстон ибрози назар кард.

Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён сокинонро ба пешгирии ҳама гуна ҳангомаву бӯҳтон ва хабарҳои беасос даъват намуда,  хоҳиш кард, ки ба ҷои ин дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоранд.

Дар фарҷом раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оид ба тақвияти корҳои тарғиботиву равшаннамоӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва пешгирии баландравии беасоси молу маҳсулот ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон тибқи амри раиси шаҳр ситоди доимоамалкунанда вобаста ба пешгирии сирояти намуди нави коронавирус ташкил карда шуда, дар заминаи он нақшаи чорабиниҳои пешгирикунанда таҳия гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар шаҳри Бӯстон оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва вусъати корҳои ободонӣ мулоқот доир шуд