Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09
Исфара. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 13.07.2020 14:45
Дар шаҳри Исфара 288 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст - 13.07.2020 14:34
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 13.07.2020 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти қудратӣ ва давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 11.07.2020 11:00
Нақшаи нишастҳои матбуотӣ барои кормандони воситаҳои ахбори омма - 10.07.2020 16:36
Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2020 - 10.07.2020 16:23
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:43
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:46

Суғд: Соли 2019 ба маблағи 12 миллиарду 888,3 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

( 0 Овоз )

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии кишвар, инчунин афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар натиҷаи тадбирандешиҳо ва фаъолияти муназзами корхонаҳои саноатии вилоят соли 2019 ба маблағи 12 миллиарду 888,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 112,9 фоизро ташкил кард.

Аз 177 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли 116 номгўй (65,5 фоиз) афзуда, 57 номгўй (32,2   фоиз) кам шудааст ва 4 номгўй (2,3 фоиз) истеҳсол нагардидааст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар вилоят 657 корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, аз он 37 корхонаҳо хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Соли 2019 ба маблағи 12 миллиарду 888,3 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид