Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45
Мулоқоти Раиси вилоят бо Хуан Сзян Чун - 09.12.2019 15:29
Паёми шодбодии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи геологҳо - 09.12.2019 10:28
Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти молия - 07.12.2019 10:25
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00
Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият вазифаи ҳар шахси ватандӯст аст ​ - 06.12.2019 13:23

Мусавӣ рафтори Хоманаиро ба рафтори Ризошоҳи Паҳлавӣ ташбеҳ кард

( 0 Овоз )

Мирҳусайни Мусавӣ, пешвои мухолифони давлат дар Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии ин кишварро ба шоҳи собиқи кишвар монанд кардааст, ки соли 1979 баъди саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарон ва ҳангоми Инқилоби Исломӣ сарнагун шуд.

Баёнияҳои Мусавӣ дар ин бора ба думболи саркӯби тазоҳуроти моҳи гузашта дар шаҳрҳои Эрон рӯзи 30-уми ноябр дар вебсайти “Калима” нашр шудааст. Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, ҳангоми саркӯби тазоҳурот дар Эрон камаш 161 нафар кушта шудаанд.

Хоманаӣ, ки баландтарин мақоми Эронро дорад, тазоҳурот ва беназмиҳо ҳангоми онро “тавтиаи бисёр хатарнок” номидааст ва ҳукумати Эрон гуфтааст, ки тазоҳурот кори дасти “арозилу авбошест”, ки бо мухолифони хориҷ дар кишвар ва душманони қадимии Эрон ба мисли Амрико, Исроил ва Арабистони Саудӣ аст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар, як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ гуфт, ки Теҳрон миқёси саркӯб ва иқдомоти истибдодгаронааш дар рӯзҳои нооромиро “барқасдона пинҳон медорад”. Тазоҳурот дар Эрон баъд аз боло бурдани қимати бензин шуруъ шуд ва сипас ба эътироз ба зидди ҳукумат мубаддал гашт ва дар шаҳрҳо густариш ёфт.

Мирҳусайни Мусавӣ дар баёнияааш саркӯби тазоҳургаронро ба “куштори майдони Жола дар соли 1978 монанда кардааст. Дар он сол сарбозони Муҳаммадризо Паҳлавӣ, шоҳи Эрон, ки аз тарафи Ғарб ҳимоят мешуд, тазоҳургаронро куштанд ва баъди ин эътирози густурдаи мардум ба ҳукумати шоҳ хотима дод.

Ӯ гуфтааст: “Одамкушони соли 1978 намояндагони як режими ғайридинӣ буданд ва маъмурон ва тирандозони ноябри соли 2019 намояндагони ҳукумати динӣ. Онҷо фармондеҳи кулли қувваҳо шоҳ буд ва имрӯз инҷо валии фақиҳ бо ихтиёроти мутлақ.”

Мирҳусайни Мусавӣ аз ҳукумат хостааст, “мутавваҷеҳи аксуламалҳои куштор дар майдони Жола” дар соли 1978 бошанд. Мусавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ соли 2009 дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат карданд, вале аз Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури муҳофизакору тундрав шикаст хурданд.

Баъд аз ин мардуми зиёде дар Эрон тазоҳурот карда ва гуфтанд, ки дар интихобот тақаллубкорӣ сурат гирифтааст. Мирҳусайни Мусавӣ, ҳамсараш Зуҳро Раҳнавард ва Меҳдӣ Каррубӣ аз соли 2011 ба ин тараф дар ҳабси хонагӣ ҳастанд. Онҳоро баъди даъвати мардум ба тазоҳурот ба нишони ҳимоят аз Баҳори Арабӣ ба ҳабси хонагӣ маҳкум карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мусавӣ рафтори Хоманаиро ба рафтори Ризошоҳи Паҳлавӣ ташбеҳ кард