Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45
Мулоқоти Раиси вилоят бо Хуан Сзян Чун - 09.12.2019 15:29
Паёми шодбодии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи геологҳо - 09.12.2019 10:28
Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти молия - 07.12.2019 10:25
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00
Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият вазифаи ҳар шахси ватандӯст аст ​ - 06.12.2019 13:23

Ҷаласаи навбатии ҳайати ​ мушовараи Раёсати маорифи вилоят

( 0 Овоз )

Дар ҷаласаи навбатии ҳайати ​ мушовараи Раёсати маорифи вилоят, ки бо иштироки сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони масъули дастгоҳи раёсат баргузор гардид, як қатор маъалаҳои муҳим ва мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғози ҷаласа муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов аз натиҷаи баргузории рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот, таъминоти кадрӣ ва фарогирии хонандагон ба зинаи сеюми таҳсил дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияи Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ гузориш дод.

Дар идомаи ҷаласа инчунин масъалаҳо бобати фаъолияти комиссияҳо оид ба татбиқи Қонуни​ Ҷумҳурии Тоҷикистон​ ​ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Конибодом ва Ашт, натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Панҷакент, санҷиши иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, №281 «Дар бораи тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Деваштич ва Истаравшан, таҳлил ва ҷамъбасти ҳисоботи омории шакли ТМ-1 ва КОМ-1, вазъи таълиму тарбия ва қабули хонандагон дар мактаб-интернатҳои вилоят, рафти амалишавии Консепсияи миллии тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Спитамен ва Мастчоҳ, натиҷаи ҷамъбасти ҳисоботҳои омории МТТ-1 ва БМТ-1 дар соли хониши 2019-2020, вазъи иҷрои нақшаи курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф дар 9 моҳи дар соли 2019,рафти иҷроиши қарори ҲукуматиҶумҳурииТоҷикистоназ 03.06.2014, № 353 “Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳобароисолҳои 2015-2020” дар ноҳияҳои Ашт ва Зафаробод мавриди гуфтугӯи васеъ қарор гирифтанд.

Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода зимни таҳлилу баррасии масъалаҳои зикршуда баён дошт, ки сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф ва шахсони масъул ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо тадбирҳои амалӣ андешида, баҳри сари вақт гузаронидани ротатсияи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия,​ дар шакли пурра пешниҳод намудани ҳисоботи оморӣ, ҷамъбасти муваффақиятноки маъракаи оммавӣ- сиёсӣ, тайёр намудани омӯзгорони болаёқат ҷиҳати иштирок ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ чораҷӯӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷаласаи навбатии ҳайати ​ мушовараи Раёсати маорифи вилоят