Хабарҳо
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон - 30.05.2020 18:27
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56

Ғолибони даври вилоятии озмунҳои “Мураббиии соли Тоҷикистон” ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон” муайян гардиданд

( 0 Овоз )

Дар маҷлисгоҳи мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмунҳои “Мураббиии соли Тоҷикистон” ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини Раиси вилоят  Зайнура Азимӣ ва муовини сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Нарзуллозода суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки озмунҳои “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон” аз зумраи тадбирҳои хеле муфид маҳсуб мешаванд, ки  ба дарёфти  омӯзгорону мураббиёни боистеъдод, навовару эҷодкор мусоидат карда,  дар қадрдонии заҳмат, баланд бардоштани мақому манзалати ходимони соҳаи маориф дар ҷомеа, тарғиб ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам саҳми назаррас дорад. Таъкид шуд, ки шурӯъ аз соли 2020 озмунҳои мазкур мувофиқи фанҳои ихтисосӣ доир шуда, 13 нафар омӯзгорони болаёқат - ғолибони фании ҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.

Сипас  5 нафар ғолибони давраи якуми озмуни “Мурабии соли Тоҷикистон” аз шаҳру навоҳии Хуҷанд,  Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва кӯдакистони Президентӣ,  3 нафар ғолибони даври аввали озмуни “ Омӯзгори соли Тоҷикистон”  аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истиқлол, Деваштич  аз рӯи шарти муаррифии таҷрибаи корӣ  вориди сабқат гардиданд. Тибқи баҳогузории ҳакамон Розия Нурматова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифта, дар озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” роҳхат насиби Дилафрӯз Каримова, омӯзгори фанни забони англисии Литсейи математикӣ- физикии №1 -и шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали озмунҳои мазкур 17 нафар ғолибони сатҳи шаҳриву навоҳӣ  аз рӯи 5 шарт нерӯсанҷӣ намуда буданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони даври вилоятии озмунҳои “Мураббиии соли Тоҷикистон” ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон” муайян гардиданд