Хабарҳо
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон - 30.05.2020 18:27
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56

Спитамен. Мубориза бо амалҳои номатлуб тақвият меёбад

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Спитамен мулоқоти роҳбарияти ноҳия бо фаъолон доир шуд ва дар рафти мулоқот вазъи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо амалҳои номатлуб, пешгирии терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ дар мулоқот перомуни масъалаҳои пешгирии шомилшавии бархе аз шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, фаъолияти масъулини ҷамоатҳо дар ин самт, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа  гузориш дод.

Оид ба масъалаҳои зикршуда инчунин прокурори ноҳия Ҳусейнзода Улфат Умед, муовини сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Азимзода Меҳваршоҳ ва дигар масъулин баромад намуда, доир ба роҳҳои пешгирӣ аз ин амалҳои номатлуб андешаҳои худро баён намуданд.

Дар охири кори ҷаласа раиси ноҳия перомуни масъалаҳои баррасишуда вазифагузорӣ намуда, барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Спитамен. Мубориза бо амалҳои номатлуб тақвият меёбад