Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45
Мулоқоти Раиси вилоят бо Хуан Сзян Чун - 09.12.2019 15:29
Паёми шодбодии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи геологҳо - 09.12.2019 10:28
Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти молия - 07.12.2019 10:25
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00
Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият вазифаи ҳар шахси ватандӯст аст ​ - 06.12.2019 13:23

"Тоҷикистон гӯшае аз биҳишти рӯи замин аст!" – баргузории конфронси илмӣ-назариявӣ дар шаҳри Бӯстон

( 0 Овоз )

26 ноябр дар толори Мактаби Президентӣ дар шаҳри Бӯстон таҳти унвони "Тоҷикистон гӯшае аз биҳишти рӯи замин аст!" конфронси илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Дар конфронс раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода ва мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов, хизматчиёни давлатӣ, устодони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, намонядагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, соҳибкорон, ҳунармандон ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода зимни суханронии худ зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишрвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст. Қабули Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030, Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси ниҳоди давлатӣ-Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва дигар тадбирҳо худ далели он аст, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмини рушди соҳа аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.

Муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабилло Амирбекзода зимни суханронии хеш аз дастгирии давлатии соҳа ёдовар гардида, иброз дошт, ки айни замон дар Тоҷикистон 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият намуда, соли гузашта 1 миллиону 155 ҳазор ва дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 950 ҳазор сайёҳон ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилоят маълумот дода, аз бунёди иншооти муҳими соҳа ёдовар шуд.

Муовини ректори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Замониддин Насриддинов оид ба омода намудани кадрҳои соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат ва бахусус кадрҳои соҳаи туризми экологӣ ва куҳнавардӣ баёни андеша намуда, оид ба пешрафти соҳа ба масъулин пешниҳодоти хешро манзур намуд.

Дар интиҳо раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бо изҳори қаноатмандӣ таъкид дошт, ки фаъолон ва сокинони шаҳри Бӯстон ҷиҳати татбиқи муваффақонаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боз ҳам фароҳам намудани шароит ва фазои мусоиди қабули меҳмонон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд "Тоҷикистон гӯшае аз биҳишти рӯи замин аст!" – баргузории конфронси илмӣ-назариявӣ дар шаҳри Бӯстон