Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45
Мулоқоти Раиси вилоят бо Хуан Сзян Чун - 09.12.2019 15:29
Паёми шодбодии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи геологҳо - 09.12.2019 10:28
Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти молия - 07.12.2019 10:25
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00
Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият вазифаи ҳар шахси ватандӯст аст ​ - 06.12.2019 13:23

Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” насиби Моҳрӯ Қурбонзода гардид

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дар вилояти Суғд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ҷамъбаст гардида, 13 нафар ғолиби озмун аз рӯйи ишғоли ҷойҳо дар чаҳор номинатсия ва Шоҳҷоиза бо мукофотҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

90 нафар ғолибони даври дуюми озмун, ки ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд, аз санаи 21-уми ноябр то 23-юми нобяр дар толори Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳузури ҳайати бонуфузи ҳакамон барои ба даст овардани пирӯзии навбатӣ донишу маҳорати худро нишон доданд. Донишу маҳорати довталабон аз рӯи меъёрҳои шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асосӣ ва баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ ва наққолӣ, қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он, дарки дурусти мазмуну муҳтавои асар, таассурот аз хондани осор санҷида ва баҳогузорӣ карда шуд.

Дар натиҷа Шоҳҷоизаи озмун ва 15 000 сомониро Қурбонзода Моҳрӯ – магистранти курси дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ноҳияи Ашт соҳиб гардид.

Дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик” шахсони зерин ғолиб дониста шуданд:

Ҷойи якум – Осими Оқил – мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон» дар шаҳри Бӯстон – 10 000 сомонӣ

Ҷойи дуюм – Бобоев Ҳадятулло – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент– 7 000 сомонӣ

Ҷойи сеюм – Заҳурзода Азизахон –хонандаи синфи Х Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Боймурод Шомуродови ноҳияи Мастчоҳ– 5 000 сомонӣ.

Дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти муосири тоҷик” шахсони зерин ғолиб дониста шуданд:

Ҷойи якум – Норова Рухшона – хонандаи синфи VII Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 шаҳри Панҷакент – 10 000 сомонӣ

Ҷойи дуюм – Ёқубов Фаридун – хонандаи синфи IХ Гимназияи №2 шаҳри Истаравшан – 7 000 сомонӣ

Ҷойи сеюм – Мамадҷонова Фарангис – хабарнигори рӯзномаи «Шуҳрати Ашт» – 5 000 сомонӣ.

Дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик” шахсони зерин ғолиб дониста шуданд:

Ҷойи якум – Зебунисои Азизиён – хонандаи синфи VI Гимназияи №2 ноҳияи Деваштич – 10 000 сомонӣ

Ҷойи дуюм – Қӯзибоева Лайло – хонандаи синфи IV Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 шаҳри Хуҷанд – 7 000 сомонӣ

Ҷойи сеюм – Шарофиддинова Таййибаҳ – хонандаи синфи IХ Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд» – 5 000 сомонӣ.

Дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон” шахсони зерин ғолиб дониста шуданд:

Ҷойи якум – Алибеков Асламбек – хонандаи синфи ХI Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 шаҳри Панҷакент – 10 000 сомонӣ

Ҷойи дуюм – Восидзода Манижа – донишҷӯи курси III факултети филологияи руси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» – 7 000 сомонӣ

Ҷойи сеюм –Гулнозаи Шукрулло – хонандаи синфи Х Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Айнӣ – 5 000 сомонӣ.

Ёдовар мешавем, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ гардида, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” насиби Моҳрӯ Қурбонзода гардид