Хабарҳо
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон - 30.05.2020 18:27
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56

Ифтитоҳи Маҷмааи варзишии тирпарронии «Тир» дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Тиллокони шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Тир» мавриди баҳрбардорӣ карор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳии иншооти мазкур Президенти Федератияи тирпарронии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳзод Файзуллоев, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, окинони маҳалла ва варзишгарон ширкат варзиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби мураббӣ оид ба намуди тирпарронӣ Марат Абдукаримов ба маблағи 1 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Дар ин маҷмаа барои дӯстдорони намудҳои гуногуни варзиши тирпарронӣ шароит муҳайё гардидааст ва шаҳрвандон дар ин макон метавонанд маҳорати тирпаррониро омӯзанд ва онро такмил диҳанд. Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи Маҷмааи варзишии тирпарронии «Тир» дар Хуҷанд