Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Ашт бахшида ба 25 - солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Чорабинии идона дар Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудчон Воҳидов ҷараён гирифт ва муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сокинони ноҳия расонид. Гуфта шуд, ки «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат манфиатҳои олии мардуми куҳанбунёд ва халқи шарифу матиниродаи моро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард. Аз тарафи дигар, қабули Конститутсия барои рушди давлати демократӣ ва бунёди низоми ҳокимияти давлатӣ асоси ҳуқуқӣ гузошта, дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллии кишвари азизамон шароити мусоид фароҳам овард».

Сипас, раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Конститутсия таҳният гуфта, қайд кард, ки санаи 6 ноябри соли 1994 чун рузи саодатбахши миллат бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

Дар охир аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share