Конститутсия —​ пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон

( 0 Овоз )

1 ноябри соли​ 2019​ дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ доир гардад.

Дар ибтидо мудири кафедра досент Каримбой​ Комилов баромад карда, қайд кард, ки Конститутсия яке аз дастовардҳои бузург маҳсуб ёфта, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Баъдан, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи вилояти Суғд Самизода Суҳроб Салимӣ сухан гуфта, таъкид кард, ки Конститутсия озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.

Дар охири чорабинӣ филми ҳуҷҷатии донишҷӯёни курси 3-юми кафедраи журналистика манзури ҳозирин гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share