Хабарҳо
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05
Мулоқоти масъулини Раёсати хадамоти муҳоҷират бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 15.11.2019 11:33
«СентрАзия»: Оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо - 15.11.2019 11:10
Фаъолияти Шӯрои занони вилояти Суғд пурзӯр мегардад - 15.11.2019 11:07

Аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

28 октябри соли равон дар Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ машварати корӣ доир гардид.

Машваратро сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршедахон Хоҷазода ифтитоҳ намуда, дар назди масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидаи маъракаи иттилоотии  «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» вазифаҳои мушаххас гузошт.

Иштирокчиёни машварат, аз ҷумла намояндагони ташкилоти ҷамъиятии  «Эҳё, фарҳанг ва тараққиёт», «Ҳуқуқҳои баробар», Маркази занон «Гулрухсор», «Насл», «Фонди рушди ҷомеа», «Чашмаи ҳаёт», Ассотсиатсияи «Зан ва ҷомеа» ва «Садоқат», ки фаъолияташон бевосита ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии бемориҳои ВНМО дар байни занон, муқовимат бар зидди хариду фуруши одамон, расонидани ёрии равонӣ ба бонувон равона карда шудааст, омодагии хешро барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи иттилоотии  «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» баён намуданд.

Бояд зикр кард, ки шурӯъ аз 25 ноябр то 10 декабри соли 2019 дар асоси нақшаи муштарак ва дар доираи маъракаи иттилоотии  «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» дар дурдасттарин ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо ҷалби гурӯҳи ташаббускорони назди раёсат як қатор чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ, фарҳангию фароғатӣ, аксияҳо, озмунҳо, сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» гузаронида мешавад