Хабарҳо
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05
Мулоқоти масъулини Раёсати хадамоти муҳоҷират бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 15.11.2019 11:33
«СентрАзия»: Оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо - 15.11.2019 11:10
Фаъолияти Шӯрои занони вилояти Суғд пурзӯр мегардад - 15.11.2019 11:07

Баргузории даври вилоятии озмуни «Омӯзгорони ҷавони сол»

( 0 Овоз )

Аз санаи 22 то 26 октябри соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 –и шаҳри Хуҷанд ва мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни «Омӯзгорони ҷавони сол» баргузор гардид.

Дар озмун омӯзгорони ҷавон аз 16 шаҳру навоҳии вилоят аз рӯи шартҳои дарси намунавӣ, тартиб додани нақшаи дарсӣ, санҷиши дониши назариявӣ, мизи мудаввар, ҳолатҳои педагогӣ – равонӣ, кор бо компютер ва таҳтаи электронӣ бо ҳам рақобат намуданд.

Омӯзгорони ҷавони шаҳру навоҳии Хуҷанд (Ибрагимов Муъминҷон, омӯзгори Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон), Бобоҷон Ғафуров (Ҷӯраева Шаҳло, омӯзгори МТМУ №10), Бӯстон (Шоҳнасратова Надима, омӯзгори МТМУ № 3), Исфара (Қаҳхоров Абдурасул, омӯзгори МТМУ №68), Конибодом (Мирзозода Гулмира, омӯзгори Гимназияи №1), Деваштич (Турсунбоева Саноат, омӯзгори МТМУ №51), Спитамен (Назирбобоева Заррина, омӯзгори МТМУ№27), Панҷакент (Саидмуродзода Тоҷинисо, омӯзгори МТМУ №3) аз худ маҳорати баланд нишон дода, ба гирифтани холҳои зиёд мушарраф гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли сеюм аст, ки бо мақсади ҳавасмандии омӯзгорони ҷавон, дарёфти соҳибистеъдодҳо баргузор мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории даври вилоятии озмуни «Омӯзгорони ҷавони сол»