Хабарҳо
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05
Мулоқоти масъулини Раёсати хадамоти муҳоҷират бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 15.11.2019 11:33
«СентрАзия»: Оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо - 15.11.2019 11:10
Фаъолияти Шӯрои занони вилояти Суғд пурзӯр мегардад - 15.11.2019 11:07

«Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон» - таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

( 1 Овоз )

«Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон» - таҳти ин унвон санаи 29 октябри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ доир гардид.

Дар кори ҳамоиш намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва олимону мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ширкат намуданд. Нахуст меҳмонон аз дастовардҳои илмию техникӣ ва таҳқиқотии донишҷӯёну олимони ҷавон шинос гардиданд.

Сипас, ҳамоиши «Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон»-ро ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ намуда, доир ба саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва ташаббусҳои байналмилалӣ сухан кард.

Дар бахши ифтитоҳии конференсия маърӯзаҳои илмӣ дар мавзӯҳои “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳу субот, амнияти миллӣ ва сиёсатмадори ҷаҳонӣ”, “Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистон аз дидгоҳи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон”, “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – посдори таърих ва эҳёгари арзишҳои миллӣ”,“Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҳадафҳои Пешвои миллат дар рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Пешвои миллат ва масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалии замони муосир” шунида шуд.

Мубодилаи афкор доир ба фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хидматҳои шоистаии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва густариши давлати навини Тоҷикистон ҳадафи анҷумани илмӣ арзёбӣ мегардад.

Дар интиҳои бахши пленарӣ барои маърӯзаҳои пурмуҳтаво ба як зумра иштирокчиён Сипоснома ва ба ғолибони озмуни беҳтарин корҳои илмию тадқиқотӣ таҳти унвони “Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон”, ки донишҷӯёну хонандагони литсейи донишгоҳ буданд, мукофотҳои пуливу туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим гардид.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии «Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон» дар бахшҳо идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон» - таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд