Хабарҳо
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05
Мулоқоти масъулини Раёсати хадамоти муҳоҷират бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 15.11.2019 11:33
«СентрАзия»: Оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо - 15.11.2019 11:10
Фаъолияти Шӯрои занони вилояти Суғд пурзӯр мегардад - 15.11.2019 11:07

Ба таваҷҷуҳи рўзноманигорон!

( 1 Овоз )

Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дафтари матбуоти Раиси шаҳр дар чорчӯбаи Барномаи давлатӣ «Оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» озмуни беҳтарин мақола (рӯзнома, сомона), гузориш ва ё барномаи телевизионӣ, ролики иҷтимоӣ ва акси беҳтарин дар самти пешгирии зӯроварӣ ва ё хушунат эълон медорад.

Дар озмун тамоми рӯзноманигорон новобаста аз шакли моликият ва ҷойи кор иштирок карда метавонанд. Факту рақами мавод ҳатман воқеъӣ ва рӯзмарра бошад. Маводи озмун бояд то 1 декабри соли 2019 бо ишора ба Озмун нашр ва нусхаи он ба комиссияи озмун пешниҳод карда шавад. Озмун аз рӯйи ҳар чор номиннатсия, яъне беҳтарин мақола, гузориш, ролики тарғибот ва акси беҳтарин натиҷагирӣ карда мешавад.

Ҳадафи озмун пеш аз ҳама муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси маводҳои марбут ба мубориза алайҳи хушунат, зӯроварӣ дар оила, гендер ва инчунин ба мардум фаҳмонидани онҳо фаъолона ширкат меварзанд. Ҳамзамон саривақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди қонунгузории кишвар доир ба баробарҳуқуқии зану мард, баланд бардоштани мавқеъи зан дар ҷомеа, пешгирии ҳуқуқпоймолкунӣ нисбати зан, ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаби гендерӣ мебошад.

Ғолибон дар анҷоми маъракаи “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат” даҳаи аввали моҳи декабри соли равон ҷамъбаст ва бо мукофоту Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба таваҷҷуҳи рўзноманигорон!