Хабарҳо
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05
Мулоқоти масъулини Раёсати хадамоти муҳоҷират бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 15.11.2019 11:33
«СентрАзия»: Оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо - 15.11.2019 11:10
Фаъолияти Шӯрои занони вилояти Суғд пурзӯр мегардад - 15.11.2019 11:07

Ҷаласаи кории Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят

( 0 Овоз )

25 октябри соли 2019 дар Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршедахон Хоҷазода суханронӣ намуда, оид ба таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи занон, тарғиби либоси миллӣ ва пешгирӣ аз фарҳанги либоспӯшии бегона, пешгирии бемориҳои ВНМО, муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм, ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон, инчунин масъалаҳои умдаи ҷомеа аз қабили пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, ҷинояткорӣ ва муҳоҷирати занон ба хориҷи кишвар ибрози андеша намуд.

Дар идомаи ҷаласа нишондиҳандаҳои шуъбаву бахшҳои шаҳру ноҳияҳо мавриди таҳлил қарор дода шуда, ба масъулин дастур дода шуд, ки барои беҳтар намудани фаъолияти корӣ ва фаъол намудани гурӯҳи кории доимоамалкунандаи назди шуъба ва бахшҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷаласаи кории Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят