Хабарҳо
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05
Мулоқоти масъулини Раёсати хадамоти муҳоҷират бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 15.11.2019 11:33
«СентрАзия»: Оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо - 15.11.2019 11:10
Фаъолияти Шӯрои занони вилояти Суғд пурзӯр мегардад - 15.11.2019 11:07

Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд

( 0 Овоз )

Дар вилояти Суғд ҷамъоварии пахта муташаккилона идома дошта, тибқи маълумоти фаврӣ то 21 октябр 91 913 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ гардидааст, ки ин ба 71,2 фоизи нақша баробар аст.

То имрӯз пахтакорони навоҳии Ашт 10351 тонна, Бобоҷон Ғафуров 13449 тонна, Ҷаббор Расулов 9551 тонна, Зафаробод 18962 тонна, Конибодом 11783 тонна, Мастчоҳ 18441 тонна ва Спитамен 9331 тонна дурри гаронбаҳоро ба хирман супоридаанд.

Дар сегонаи навоҳии пешқадами маъракаи пахтачинӣ бо иҷрои 88,6 дарсади нақша шаҳри Конибодом, 74 дарсади нақша ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 73,9 дарсади нақша ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доранд.

Ёдовар бояд шуд, ки тибқи нақша имсол дар вилояти Суғд бояд наздик 130 000 тонна пахта истеҳсол гардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд