Хабарҳо
Давлат Сафар Изҳорот қ 1 - 27.05.2020 01:27
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард - 26.05.2020 19:43
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич - 26.05.2020 18:45
Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 26.05.2020 18:38
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд - 26.05.2020 18:26
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40

Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум

( 0 Овоз )

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум доир гардид.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд нахуст рафти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, № 269 “Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020” дар шаҳри Хуҷандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз рӯйи масъалаи мазкур Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд баромад карда, иброз дошт, ки имрўзҳо сафи занон дар ҳамаи сохторҳои ҷамъият зиёд гардида, бонувон дар радифи мардон барои ободу зебо ва рушду нумўъ бахшидани сарзамини азизамон камари ҳиммат бастаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки санаи 24 августи соли равон Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии “Занони сиёсатмадори роҳбар” таъин гардид ва ба чунин мақом сазовор донистани зани сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби созмони байналмилалии мазкур дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки аз ҷониби роҳбарияти сиёсии давлати Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар арсаи байналмилалӣ низ натиҷаҳои матлуб ба бор оварда истодааст.

Дар баррасии масъалаи мазкур вакилон Муяссар Раҳимова ва Мадина Набизода баромад намуда, андешаҳои хешро баён доштанд.

Сипас, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Дуредгарон”, № 6 Мақсуд Зиёбоев ба самъи вакилон расонида шуд.

Вакилон масъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ оид ба иваз намудани номи кўчаи Грибоедов ба номи Қодир Раҳимов, гузоштани лавҳаи хотиравии Зиё Зиёбоев ба кўчаи Хуҷанд, ҳавлии №67, гузоштани лавҳаи хотиравии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Муҳаммадҷон Тоиров ба суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Баҳор, бинои №7, лавҳаи хотиравии Орипова Гавҳар ба гимназияи № 24 баъди баррасӣ онро якдилона тасдиқ намуданд.

Ҳамчунин вакилон қарорҳои раиси шаҳри Хуҷанд оид ба масоили кадриро тасдиқ намуданд.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд доир ба масоили баррасишуда дар иҷлосия баромад намуда, андешаҳои хешро баён дошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум