Хабарҳо
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05
Мулоқоти масъулини Раёсати хадамоти муҳоҷират бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 15.11.2019 11:33
«СентрАзия»: Оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо - 15.11.2019 11:10
Фаъолияти Шӯрои занони вилояти Суғд пурзӯр мегардад - 15.11.2019 11:07

Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа 10 масъалаи мубрами соҳа, аз ҷумла ҷамъбасти фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар 9 моҳи соли 2019, пешниҳодҳои Прокуратураи вилоят “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда дар фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда марбут ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар байни хонандагон, бахусус ҳолатҳои аз тарафи хонандагон идора намудани автомашинаҳо”, “Дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда”, рафти аттестатсияи тирамоҳӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №295 “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Мастчоҳ ва Деваштич, рафти фаъолияти раёсату шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019, дохилшавии довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ барои соли таҳсили 2019-2020, вазъи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, таҳлил ва баррасии рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Дар маърӯзаи сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода бурду бохти фаъолияти маорифчиён ҳамаҷониба таҳлил гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар ҳама самтҳо - сифати кадрии омӯзгорӣ, такмили ихтисоси онҳо, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷои корӣ, вазъи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, тақвияти фаъолияти Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳсилоти иловагӣ, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, таъмини ташкили истироҳати хонандагон дар давраи таътили тирамоҳӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва худкушӣ байни наврасон, таъмини иҷроиши Барномаҳо оид ба компютеркунонӣ ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ ва бо нишондиҳандаҳои сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид ба амал оварда шуд. Аз ҷониби мавсуф тозаккур гардид, ки эҳсоси масъулиятшиносӣ дар анҷоми ҳама кор асоси комёбӣ мебошад.

Сардори Раёсати маорифи шаҳри Исфара Бобохон Саидзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ Нуриддин Боқиев оид ба фаъолияти маорифчиён, ислоҳи камбудиҳои мавҷуда сухан ронданд. Инчунин вобаста ба таъмини иҷрои вазифаҳо дар соҳа аз мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ашт, Ҷаббор Расулов пурсиш ба амал оварда шуд.

Дар назди ҳозирин директори Маркази технологияи ​ иттилоотӣ - коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон​ ​ Киромиддин Назаров доир ба пешбурди фаъолият, татбиқи навгониҳо дар соҳа андешаронӣ намуд.

Дар хотимаи ҷаласа муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ оид ба вазифаҳои маорифчиён ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим, таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, аз масъулин даъват ба амал овард, ки барои афзун намудани дастовардҳо​ ҳарчи бештар аз имкониятҳои мусоид истифода баранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд