Хабарҳо
САВГАНД БА ВАТАН: Чорабинӣ дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд - 04.06.2020 10:36
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз - 01.06.2020 15:59
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони Беморхонаи сироятии Ҷамоати деҳоти Хистеварз - 01.06.2020 16:01
Шиносоӣ бо сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 01.06.2020 16:02
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 01.06.2020 17:08
Ба куҳҳои ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи муфлони аврупоӣ оварда шуд - 03.06.2020 17:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон - 03.06.2020 13:46
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич - 03.06.2020 12:55

Муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар самти истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ​​

( 0 Овоз )

Вилояти Суғд дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои фарох дошта, ҳамасола ба хориҷи кишвар ба маблағи даҳҳо миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд. Ин нукта имрӯз зимни баргузории семинари машваратие, ки дар Боғи милии “Ваҳдат” сурат гирифт, таъкид шуд.

Дар кори семинар Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, соҳибкорон аз Федератсияи Россия, намояндагони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва олимону мутахассисон иштирок намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ таъкид кард, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони вилояти Суғд ҷиҳати таъмини рушди соҳа аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Илова бар таъмини бозори дохилӣ, дастранҷи деҳқонони вилоят ҳамчунин ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад.

Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои дарёфти бозорҳои нав ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа ҳавасманд буда, дар ин самт тадбирҳои судманд андешида истодааст.

Тибқи маълумоти гумрукӣ ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ то ба санаи 1-уми октябр бештар аз 35 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз вилояти Суғд 53 ҳазору 206 тонна сабзавот, аз ҷумла 53 ҳазору 54 тонна пиёз, 15 ҳазору 583 тонна меваҷот, аз ин миқдор 4 ҳазору 248 тонна меваи тар, 291 тонна ангур,​ 159 тонна консерваҳо, 16 ҳазору 490 тонна нахи пахта, 153 ҳазору 200 дона чарми хом содирот гардидааст ва ин нишондод нисбати соли гузашта содироти меваи тар 1416 тонна, ангур 18 тонна​ ва чарми хом 39140 дона зиёд гардидааст.

Ба таъкиди Раиси вилоят ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз қонеъкунанда набуда, масъулин бояд барои беҳтар ба роҳ мондани содироти маҳсулот ва ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ корҳои заруриро ба сомон расонанд. Дар ин ҷода тақвияти ҳамкориҳо бо сармоягузорони дохиливу хориҷӣ зарур шуморида шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз иқдоми соҳибкори бурунмарзӣ Мақсудҷон Абдуҷалилов, ки барои бунёди корхонаи коркарди сабзавот камари ҳиммат бастааст, хуш истиқбол кард ва иброз дошт, ки маҳсулот барои коркард фаровон мебошад.

Барои​ ҳарчи бештар содирот намудани маҳсулоти кишоварзӣ роҳбари вилоят дар назди шахсони масъул вазифаҳои мушаххас гузошта. Дастур дода шуд, ки парвариши зироатҳои кишоварзӣ, аз қабили пиёз, сабзӣ, лаблабу, каду, памидору бодиринг ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, майдони боғу токзор зиёд ва ҳаҷми истеҳсоли мева ва ангур бештар карда шавад.

Сипас, муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода ба иштирокдорони семинар ва соҳибкорони Россия оид ба имкониятҳои шаҳру навоҳии вилоят дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маълумот дод.

Дар семинар ҳамзамон Сергей Макаренко, соҳибкор аз Федератсияи Россия, ки бори охир соли 1993 ба Тоҷикистон омада буд, аз таасуроташ аз ин сафар, нақшаву барномаҳо вобаста ба ҳамкорӣ бо деҳқонон, коркади сабзавот ва содироти он ба кишварҳои хориҷ суҳбат кард. Аз ҷониби ин соҳибкор пешниҳод карда шуд, ки бояд тухмиҳои нав ворид ва ба истеҳсолот ҷорӣ карда шавад.

Соҳибкори бурунмарзӣ Мақсудҷон Абдуҷалилов бошад ҳавасмандии худро ҷиҳати бунёди корхонаи коркарди сабзавот ва дастгирии деҳқонон изҳор дошт.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар самти истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ​​