Шаҳри Гулистон ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро иҷро намуданд

( 0 Овоз )

Шаҳри Гулистон ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра иҷро намуданд.

Боиси зикр аст, ки қабл аз ин шаҳри Исфара ва ноҳияи Шаҳристон аз иҷрои нақша гузориш дода буданд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои боқимонда гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ ҷараён дошта,  то санаи 15 октябр нақшаи даъват дар вилоят наздик 70 дарсад иҷро шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд моҳҳои октябр-ноябри соли равон дар ҳудуди вилоят даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18 солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ва ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Share