Хабарҳо
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05
Мулоқоти масъулини Раёсати хадамоти муҳоҷират бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 15.11.2019 11:33
«СентрАзия»: Оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо - 15.11.2019 11:10
Фаъолияти Шӯрои занони вилояти Суғд пурзӯр мегардад - 15.11.2019 11:07

Суғд: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 8,9 млрд. сомонӣ баробар шуд

( 0 Овоз )

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши  иқтидори  содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар натиҷаи тадбирандешиҳо давоми 9 моҳи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 8,9 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 113,8 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо бошад, 107,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2019 ба истифода додани 100 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1730 ҷойи нави корӣ дар назар дошта, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 82 корхонаву коргоҳи нав бо 1239 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуд.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда зоҳир карда шуд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда истеҳсоли семент ба  1,0 млн. тонна расонида шуд.

Дар конҳои ангишти вилоят бошад, 1,3 млн. тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 180,2 ҳазор тонна ё 1,2 маротиба зиёд мебошад.

Дар корхонаҳои консервабарории вилоят 16,0 млн. қуттии шартӣ консерва истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 млн. қуттии шартӣ зиёд мебошад.

Истеҳсоли орд ба 194,0 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба 9 моҳи соли 2018-ум 15,7 ҳазор тонна зиёд ё 8,8 фоиз зиёд мебошад.

Дар корхонаву коргоҳҳои вилоят 437852 дона либоси мактабӣ дўхта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 83420 дона зиёд  буда, суръати афзоиш  123,5 фоиз таъмин гардид.

Раванди иҷрои супориши Роҳбари давлат бобати дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо таъсис додани корхонаву коргоҳҳои дўзандагӣ низ зери назорати масъулин қарор дошта, соли ҷорӣ дар вилоят 13 коргоҳи дўзандагӣ бо 124 ҷойи корӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара ва Панҷакент 2 ададӣ, Айнӣ, Ашт, Кўҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Деваштич, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон 1 ададӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 8,9 млрд. сомонӣ баробар шуд