Хабарҳо
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05
Мулоқоти масъулини Раёсати хадамоти муҳоҷират бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 15.11.2019 11:33
«СентрАзия»: Оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо - 15.11.2019 11:10
Фаъолияти Шӯрои занони вилояти Суғд пурзӯр мегардад - 15.11.2019 11:07

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи фалак

( 0 Овоз )

Бо мақсади ҳифз намудан ва равнақ бахшидан ба ҳунари қадимаи фалаксароӣ бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар ҳамасола санаи 10 - уми октябр Рӯзи фалак таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат кулли фалаксароён, мухлисони ин санъати воло ва ҳунармандону санъаткоронро табрику таҳният гуфта, муваффақият ва дастовардҳои баланди ҳунарӣ орзу менамоям.

Фалак як навъи машҳури санъати сарояндагии халқи тоҷик буда, ифодагари муроҷиату муноҷоти инсон ба осмон аст. Пешвои муаззами миллат дар хусуси ин ҳунари воло гуфтаанд: «Имрӯз ҷанри мусиқии классикии «Фалак» ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои соҳибистиқлолии кишвар бо ҷилову садои хеш танинандоз гардидааст».

Боиси таъкид аст, ки ба хотири рушди санъати фалак ва татбиқу интишори сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ сол пеш ансамбли фолклорию этнографии «Фалак»-и вилояти Суғд таъсис ёфта, дар фурсати на чандон зиёд дар ансамбл мактаби устоду шогирд вусъат ёфт ва ҷавонони соҳибистеъдод ба саҳнаи ҳунар роҳ ёфтанд. Имрӯз ин ансамбл дар тамоми чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона дошта, барои баланд бардоштани завқи зебоишиносии мардум нақши равшан мегузорад.

Санъатҳои қадимаи миллӣ, аз ҷумла фалак собит месозад, ки миллати тамаддунофари тоҷик фарҳанги бою қадима, сабки хосаи санъати мусиқӣ ва сарояндагиро тӯли асрҳо аз насл ба насл интиқол дода, дар рушди ҷомеа ва болоравии маънавиёти мардум нақши амиқ гузоштааст.

Итминон дорем, ки дӯстдорону алоқамандон ва санъаткорони вилоят, аҳли ҳунару эҷод ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Роҳбарияти олии мамлакат дар самти рушди соҳаи фарҳанг, дар тарбияву камолоти истеъдодҳои нав ва ҷустуҷӯву бозёфти беҳтарин намунаҳои назмиву мусиқии санъати фалак ба комёбиҳои арзанда шарафёб мегарданд.

Рӯзи фалак ва 10 - солагии таъсисёбии ансамбли фолклорӣ - этнографии "Фалак" - и вилоят барои кулли санъаткорон ва алоқамандони санъати фалаксароӣ муборак бошад!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи фалак