Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Ба ғолибони мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии​ Тоҷикистон ҷоизаҳо супорида шуд

( 0 Овоз )

Тавре қаблан хабар додем,   аз 2 то 5 октябр  дар  Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд​  мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии​ Тоҷикистон дар сатҳи баланду  хотирмон баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаи муҳташам беш аз 250 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо ширкат варзиданд. Дар рӯзи ниҳоии ин мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои -90, -100 ва +100 кг баргузор шуданд. Дар даври ниҳоии вазни -90 кг ду паҳлавони шинохтаи тоҷик- Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷамол Алимардонов вориди майдони рақобат шуданд, ки дар натиҷа Комроншоҳи Устопириён пирӯз шуда, сазовори медали тилло гардид. Ҷои дуюм ва медали нуқра насиби варзишгари дигар тоҷик Саидҷамол Алимардонов шуд. Медалҳои биринҷии ин вазнро Темур Маҳмадов аз Тоҷикистон ва Достон Малиев аз Ӯзбекистон ба даст оварданд.

Ба даври ниҳоии вазни то 100 кг ду варзишгари шинохтаи  ӯзбекистонӣ – Соҳиб Қурбонов ва Акмалмурод Худойбердиев роҳ ёфтанд, ки дар охир дар ин вазн Соҳиб Қурбонов ғолиб омада, соҳиби нишони тиллои ин мусобиқа гардид. Медали нуқраи ин вазн ба Акмалмурод Худойбердиев дода шуд. Медалҳои биринҷиро паҳлавонони тоҷик Шарифҷон Назриев ва Фарёд Шайхов ба даст оварданд.

Дар вазни +100 кг дар вохӯрии ниҳоӣ паҳлавони шинохтаи тоҷик, ғолиби чандин мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ Шакармамад Мирмамадов бар ҳарифи худ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Хайдок Тураев ғолиб баромада, чемпиони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар соли 2019 гардид.   Варзишгари ӯзбек Хайдок Тураев соҳиби ҷои дуюм ва медали нуқра гардид. Нишонҳои биринҷиро дар ин вазн Одил Сафаров ва Нурулло Неъматов соҳиб шуданд.

Хотиррасон мекунем, ки ғолибони ҷои якум бо 10 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм бо 5 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм бо 2,6 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ғолибони 7-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон:

-66кг

  1. Азамат Матяқубов (Ӯзбекистон)
  2. Ёқубчон Боқиев (Тоҷикистон)
  3. Раҳматулло Сатторов (Тоҷикистон)
  4. Ориф Додов (Тоҷикистон)

-73кг

  1. Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон)
  2. Комронбек Олтибоев (Ӯзбекистон)
  3. Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон)
  4. Шоҳрӯз Бердиев (Ӯзбекистон)

-90кг

  1. Комроншоҳи Устопириён (Тоҷикистон)
  2. Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон)
  3. Темур Маҳмадов (Тоҷикистон)
  4. Достон Малиев   (Ӯзбекистон)

-100 кг

  1. 1. Соҳиб Қурбонов (Ӯзбекистон)
  2. Акмалмурод Худойбердиев (Ӯзбекистон)
  3. Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)
  4. Фарёд Шайхов (Тоҷикистон)

+100 кг

  1. Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)
  2. Хайдок Тураев (Ӯзбекистон)
  3. Нурулло Неъматов (Тоҷикистон)
  4. Одил Сафаров (Тоҷикистон)

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба ғолибони мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии​ Тоҷикистон ҷоизаҳо супорида шуд