Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муносибати гусели даъватшавандагон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

( 0 Овоз )

Рӯзи 3 октябр дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муносибати гусели гуруҳи аввалини даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии идона, ки дар маркази ноҳия бо ҳузури фаъолону кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссариати ҳарбӣ, волидону пайвандони даъватшавандагон доир шуд, раиси ноҳия Комил Салимзода низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Комил Салимзода зимни суханронии худ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату мардонагӣ арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки барои адои хизмати ҳарбӣ дар тамоми қисмҳои низомӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод гардид ва 70 нафар даъватшавандагон бо ҳамроҳии волидону пайвандон ва дӯстони худ суруру шодмонӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Share