Дирӯз дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд конференсияи 8-уми байналмилалии “Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ” баргузор гашт. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ конференсияи мазкур бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд ва дар он муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода, муовини раиси Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, олимону намояндагон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессорону намояндагони илм аз Федератсияи Русия, кишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон, устодону олимон, магистрантону аспирантон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд иштирок доштанд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода зимни суханронии худ ҳозиринро хайрамакдам гуфта, қайд намуд, ки бори сеюм аст, ки чунин конфронси сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Хучанд баргузор мегардад.
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди илму техника таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуда, оид ба ҳалли муаммоҳои экологӣ ва биологӣ андешаҳои судманди хешро ироа дошт.
Конференсияи 8-уми байналмилалии “Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ” бо фарогирии мавзӯъҳои мубрами экологӣ ва биологӣ бо ширкати олимону намояндагон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессорону намояндагони илм аз Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, устодону олимон ва магистрантону аспирантони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар 4 бахш идома хоҳад ёфт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд