Хабарҳо
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29
Дар корхонаи хиштбарории автоматикии ҶДММ “Хишти Гулхона” то 50 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд - 03.08.2020 14:13

Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ доир гардид

( 1 Овоз )

2 октябр дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа тибқи нақша рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010, № 560 “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, аз 3 майи соли 2014, № 294 “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, аз 1 марти соли 2018, № 80 “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида масъули рушди сайёҳии шаҳри Бӯстон Бахтовар Ҷумъаев, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари муассисаи давлатии Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ Бахтиёр Мӯминов ва сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила Мавзуна Латипова маърӯза намуданд.

Гуфта шуд, ки баҳри иҷрои қарорҳои мазкур қарорҳои дахлдори раиси шаҳр нақшаи чорабиниҳо таҳия ва қабул гардида, тибқи он корбарӣ дар ин самтҳо бомаром ҷараён дорад.

Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода дар фарҷоми кори Шӯро суханронӣ намуда, масъулонро баҳри ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муваззаф намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ доир гардид