Хабарҳо
Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Занон ва интихобот» ҳамоиш гузаронида шуд - 11.12.2019 15:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд масъалаҳои ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботиро баррасӣ карданд - 11.12.2019 13:24
Дар шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:22
Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ - 11.12.2019 13:12
Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:10
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ баргузор гардид

( 0 Овоз )

27 сентябри соли 2019 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ доир гашт, ки дар он муовини Раиси вилоят, намояндаи комилҳуқуқи Раиси вилоят дар Шӯрои ҷамъиятӣ Баҳоваддин Баҳодурзода, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Ин навбат ба ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод раисӣ намуд. Дар ҷаласа аъзои Шӯрои вилоятӣ тибқи рӯзномаи тасдиқгардида масъалаҳои мубраму муҳим, аз ҷумла ҷараёни иҷрои се барномаи давлатиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Аз рӯи масъалаи аввал оид ба рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз 21 майи соли 2018, №192 «Дар бораи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020 дар вилояти Суғд» мудири шӯъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов маърӯза намуд.

Мавсуф аз ҷумла зикр дошт, ки дар доираи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар вилоят тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегарданд. Алҳол харитаи сайёҳии вилоят, сомонаи электронии сайёҳӣ, китоби «Раҳнамои сайёҳӣ» тартиб дода шуда, ҷиҳати муаррифии ҳарчӣ бештари имкониятҳои сайёҳии вилоят чорабиниҳо доир карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумоти оморӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон ба қаламрави вилоят беш аз 363, 5 ҳазор сайёҳон ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи солҳои қаблӣ хеле зиёд аст.

Муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруфҷон Ҳоҷибоев оид ба рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз 29 декабри соли 2010, №412 «Дар бораи татбиқи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020» дар вилояти Суғд гузориш дод. Ҳамзамон, дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ роҷеъ ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2023» ва «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Тоҷикистон» мушовири оилавӣ дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рафоат Бобоева ахборот дод.

Дар ҷаласаи навбатӣ аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Шуҷоат Ҳасанова, Фарҳод Ҷӯраев, Қурбонҷон Мирзоева, Биҳоҷал Раҳимова, Аҳмадҷони Раҳматзод ва дигарон сухан ронда, таклифу пешниҳод ва фикру мулоҳизаҳои амиқи хешро баён доштанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода низ суханронӣ намуда, роҷеъ ба ҷоннок ва пурсамар ба роҳ мондани фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ, саҳми шоиста гузоштан дар татбиқи Барномаҳои давлатӣ ва иҷрои босифати дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳаллу баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ дар назди аъзои Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ вазифаои амиқ гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ баргузор гардид