Хабарҳо
Давлат Сафар Изҳорот қ 1 - 27.05.2020 01:27
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард - 26.05.2020 19:43
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич - 26.05.2020 18:45
Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 26.05.2020 18:38
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд - 26.05.2020 18:26
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40

Мулоқоти роҳбарияти Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Дирӯз дар Кохи фарҳанги “Суғдиён” мулоқоти масъулини Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо соҳибкорони вилоят баргузор шуд.

Мулоқотро муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Бо мақсади дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ки фаъолияти босамари онҳо сарчашмаи рушду шукуфоии давлату меҳан маҳсуб меёбад, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2016 – 2020 давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ эълон шудааст.

Давлату Ҳукумат ба бахши хусусӣ ҳамчун омили муҳими пешбарандаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ такя намуда, барои дастгирии ин қишри ҷомеа як қатор тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд.

Дар ин раванд фаъолияти Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас буда, ҳамасола аз ҷониби фонд барои рушди соҳибкории ватанӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад.

Сипас, директори Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»  Ҳокимшо Бобозода баромад намуда, зикр дошт, ки аз ҷониби шӯрои нозирони фонд то инҷониб 182 лоиҳаи субекти соҳибкорӣ дастгирӣ карда шуд. Ба соҳибкорони 51 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ маблағи қарзӣ дар ҳаҷми беш аз 258 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Фонд ҳангоми ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок бештар ба субъектҳои соҳибкорӣ дар самти таҷдиду таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, харидории дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда афзалият медиҳад. Бо ин мақсад фонд ба 110 субъекти соҳибкорӣ барои таъсиси коргоҳу корхона ба маблағи 136,2 миллион сомонӣ ва ба 72 субъект барои таҷдиди коргоҳу корхонаҳо ба маблағи 122, 3 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуд.

Бо мақсади дастгирии соҳаи саноати сабук, махсусан мусоидат дар рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ фонд 20 лоиҳаи субъекти соҳибкориро ба маблағи умумии 44, 3 миллион сомонӣ дастгирӣ намуда, қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуд, ки 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро дарбар мегирад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ соҳибкорон доир ба масъалаҳои муҳими баррасигардида саволҳо дода, посух гирифтанд.

Дар анҷоми мулоқот гуфта шуд, ки  ки минбаъд дар маҳалҳо баҳри таъсиси корхонаҳо, пешрафти соҳибкорӣ ва дар маҷмуъ расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат чораҳои зарурӣ рӯи кор оварда хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти роҳбарияти Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони вилояти Суғд