Хабарҳо
Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Занон ва интихобот» ҳамоиш гузаронида шуд - 11.12.2019 15:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд масъалаҳои ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботиро баррасӣ карданд - 11.12.2019 13:24
Дар шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:22
Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ - 11.12.2019 13:12
Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:10
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45

Бо иштироки роҳбарони Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон семинари минтақавӣ баргузор шуд ​

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда


Рӯзи 23 сентябр дар толори конфронси меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мавзӯи «Стандартҳои байналхалқии меҳнат дар таҳкими қобилияти муқовиматпазирии ҷомеа ба буҳронҳо ва татбиқи ҳадафҳои меҳнати арзанда» семинари минтақавӣ баргузор шуд.

Дар семинарраиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ӯзбекистон Қудратулло Рафиқов, мудири бахши Аврупоӣ - Осиёи Марказии ташкилоти байналхалқии меҳнат (МОТ) Сергеюс Гловатскас ва кормандони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар оғози кори семинар раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим ҳадафи баргузории онро шарҳ дода, тазаккур дод, ки пас аз боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва барқарор шудани муносибатҳо рушди босуръати ҳамкориҳоидуҷонибамушоҳида мешавад. Доир шудани семинари байналхалқӣ дар Тоҷикистон ва ширкати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ далели ин гуфтаҳо буда, бар манфиати кор хоҳад буд.

Зимни суханронии худ муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ аз густариши робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ёдоварӣ карда, иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи сарварони ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя дар ҳамаи бахшҳо ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст. Баргузории семинари мазкур вобаста ба масъалаҳои меҳнат дар сатҳи минтақа аввалин буда, барои намояндагони ҳарду ҷониб таҷрибаи хубе хоҳад буд.

-Дар вилояти Суғд ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандон, афзудани ҷойи холии корӣ, дастгирию ҳавасмандгардонии коргарон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои аҳолии қобили меҳнат чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, – афзуд ӯ.

Дар ҷараёни кори семинар вобаста ба таҷлили 100-солагии Ташкилоти байналхалқии меҳнат (МОТ) ва натиҷаҳои Конфронси умумиҷаҳонӣ доир ба ин сана, қабули қарордоду конвенсияҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи кормандон маърӯзаҳо ироа гардид. Инчунин, масъалаҳои нақши иттифоқҳои касаба дар таъмини барномаҳои давлатӣ доир ба меҳнати арзанда, таҷрибаи иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

Ташаббуси мазкур метавонад ба фаъолони Иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар самти татбиқи ҳадафҳои меҳнати арзанда мусоидат намояд. Семинар то 25 сентябр идома меёбад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бо иштироки роҳбарони Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон семинари минтақавӣ баргузор шуд ​