Хабарҳо
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29

Дар Гулистон Рӯзи шаҳрро ҷашн гирифтанд

( 0 Овоз )

Дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи шаҳр чорабинии идона доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи шаҳри Гулистон ба самъи сокинон расонид.

Сипас, раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода сокинонро бо Рӯзи шаҳр муборакбод намуд. Зикр гардид, ки мардуми шарифи шаҳри Гулистон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ аз сафари навбатии Пешвои муаззами миллат ба шаҳри Гулистон ва ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ камари ҳиммат бастаанд.

Шаҳри Гулистон дар зарфи 28 соли Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилояту ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафти, махсусан соҳаи саноати кӯҳии кишвар ва туризм нақши арзандаи худро касб намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Гулистон дар даврони Истиқлолият шумораи корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон аз 13 то ба 33 адад расида, номгӯи маҳсулоти истеҳсолӣ низ аз 13 ба 95 номгӯй баробар шудааст. Агар 28 сол муқаддам корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми сол ба маблағи қариб 9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ва ниёзи мардум истеҳсол намуда бошанд, дар соли 2018 ин нишондиҳанда ба беш аз 3,4 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса қариб 385 маротиба зиёд шудааст.

Дар интиҳои чорабинӣ барномаи марғуби консертии ситораҳои эстрадаи тоҷик таҳти унвони “Гулистон – боғшаҳри даврони Истиқлол” манзури ҳозирин гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Гулистон Рӯзи шаҳрро ҷашн гирифтанд