Хабарҳо
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05
Мулоқоти масъулини Раёсати хадамоти муҳоҷират бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 15.11.2019 11:33
«СентрАзия»: Оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо - 15.11.2019 11:10
Фаъолияти Шӯрои занони вилояти Суғд пурзӯр мегардад - 15.11.2019 11:07

Азнавсозии иншооти партовобтозакунии шаҳри Хуҷанд ба анҷом расид

( 0 Овоз )

Иншооти партовобтозакунии шаҳри Хуҷанд баъд аз азнавсозӣ, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд ба муносибати ифтитоҳи иншооти мазкур бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоти “SEKO», намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, мушвирони хориҷии «Холингер», пудратчиёни иншоот ва ғайраҳо чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ таъкид карда шуд, ки Барномаи беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партоби шаҳри Хуҷанд аҳамияти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дошта, барои ободонии шаҳр мақоми хоса дорад. Зеро дар доираи барномаи мазкур беҳтар намудани низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партоби шаҳри Хуҷанд ба назар гирифта шуда, дар ин самт таъмир ва таҷдиди иншооти партовобтозакунии шаҳр, ивази қубурҳои фарсудашудаи партовоб, партовбардори асосӣ, магистралӣ ва кӯчаҳои алоҳидаи шаҳр, харидории таҷҳизот барои истеҳсоли гипохлорид, мошин ва механизимҳо, насби обченкунакҳои муосир, азнавзосии ташхисгоҳи оби нӯшокӣ ва таҷҳизонидан бо технологияи муосир ва ғайраҳо пешбинӣ гардида буд ва аксари корҳо амалӣ гардиданд.

Ҳамчунин намондагони ташкилоти “SEKO», Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, мушвирони хориҷии «Холингер» андешаҳои хешро ҷиҳати муваффақона амалӣ шудани лоиҳа иброз доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Азнавсозии иншооти партовобтозакунии шаҳри Хуҷанд ба анҷом расид