Хабарҳо
23 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад - 21.11.2019 08:59
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ҷомеаи вилоят - 20.11.2019 18:05
Баргузории семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар Раёсати маорифи вилояти Суғд - 20.11.2019 15:05
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2019 13:25
Кишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 100% иҷро намуданд - 20.11.2019 13:10
21 ноябр маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» баргузор хоҳад шуд - 20.11.2019 10:10
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55

Оғози мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Курушкада ва деҳаи Сари санги шаҳри Истаравшан

( 0 Овоз )

Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Курушкада ва деҳаи Сари санг оғоз бахшида шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони шаҳр онҳоро ба муносибати ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки халқи тоҷик маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Таъкид карда шуд, ки «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019 – 2021 иқдоми муҳим дар самти амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат барои ободии деҳот ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар ин раванд бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Роҳбарияти вилоят дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ободонии деҳот таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои таъмиру мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ мунтазам чораҷӯӣ менамояд. Мумфаршсозии роҳи маҳаллаи Курушкада ва деҳаи Сари санги шаҳри Истаравшан, ки дар асоси муроҷиати сокинон сурат мегирад, худ гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.

Иттилоъ дода шуд, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маҳаллаи Курушкада 650 метр ва дар деҳаи Сари санг як километр роҳ мумфарш карда мешавад.

Ҷоизи зикр аст, ки маҳаллаи Курушкада 4890 нафар ва деҳаи Сари санг 3500 нафар аҳолӣ дошта, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин дам беш аз 5 км роҳи ин минтақаҳо бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ ва саҳмгузории сокинон мумфарш карда шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Курушкада ва деҳаи Сари санги шаҳри Истаравшан