Хабарҳо
САВГАНД БА ВАТАН: Чорабинӣ дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд - 04.06.2020 10:36
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз - 01.06.2020 15:59
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони Беморхонаи сироятии Ҷамоати деҳоти Хистеварз - 01.06.2020 16:01
Шиносоӣ бо сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 01.06.2020 16:02
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 01.06.2020 17:08
Ба куҳҳои ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи муфлони аврупоӣ оварда шуд - 03.06.2020 17:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон - 03.06.2020 13:46
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич - 03.06.2020 12:55

Баргузории чорабинӣ бахшида ба бистумин солгарди таъсисёбии “Имон-Интернешнл”

( 0 Овоз )

Кормандони Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Имон-Интернешнл” бистумин солгарди таъсисёбии ин ташкилоти бонуфузи молиявиро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи чархи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо шукуҳи хоса таҷлил намуданд.

Дар чорабинии идонаи кормандони ташкилоти молиявӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат варзида, кулли иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи чархи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, инчунин бистсолагии таъсисёбии бонк табрик кард.

Зикр карда шуд, ки маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи бонкдории мамлакат рушд ёфта, даҳҳо ташкилоти молиявӣ ба фаъолият пардохт, ки ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоидат намуд.

Яке аз чунин ташкилоти молиявӣ “Имон-Интернешнл” маҳсуб меёбад, ки дар самти рушди соҳибкорӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна нақши назаррас дорад. Айни замон дар ин ташкилот 1500 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд, ки 40 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Имон-Интернешнл” дар сад минтақаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат 27 филиал дошта, аз саросари мамлакат даҳҳо ҳазор мизоҷ дорад.

Навруз Валиев, раиси шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар вилоят низ кормандони Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Имон-Интернешнл”-ро ба бистсолагии фаъолият табрик намуда, изҳори боварӣ намуд, ки кормандони ташкилот бо донишу малакаи баланди касбӣ ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан