Хабарҳо
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Шиносоӣ аз рафти парвариши сабзавотҳои барвақтӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:29
Ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 01.06.2020 04:59
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод - 01.06.2020 04:57
Боздид аз фаъолияти марказҳои логистикии содироти пиёз - 01.06.2020 04:56
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 01.06.2020 04:53
Боздиди Раиси вилоят аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:36
Боздид аз парвариши помидор ва лиму дар қитъаи назди ҳавлигии сокинони деҳаи Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:34

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати сармоягузории “Ромеда Капитал”

( 0 Овоз )

9 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони ширкати сармоягузории олмониву русиягии “Ромеда Капитал”-ро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят соҳибкорони бурунмарзиро бо ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳо ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят аз имконоти мавҷуда самаранок истифода менамоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз тадбирҳои амалишудаистода дар самти саноатикунонии босуръати кишвар таъкид дошт, ки ҷониби вилоят барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳавасманд мебошад.

Ватан Абдураҳмонов ва ҳайати ҳамроҳонаш дар аснои мулоқот зикр намуданд, ки бо вуҷуди дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият доштанашон аз пешрафту шукуфоии мамлакат шод ҳастанд. Меҳмонон ҳамзамон аз фаъол гардидани чархи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии Ватан талош менамоянд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, бо тарҳрезии нақшаҳои мушаххас дар самти коркарди маъдан ва партов ҳамкорӣ  намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати сармоягузории “Ромеда Капитал”