Хабарҳо
Ба куҳҳои ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи муфлони аврупоӣ оварда шуд - 03.06.2020 17:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон - 03.06.2020 13:46
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич - 03.06.2020 12:55
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12

Хуҷанд. Бахшида ба 28 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба истифода дода шудани агрегати дуюми НБО “Роғун» консерти идона баргузор шуд

( 0 Овоз )

Бахшида ба 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода дода шудани агрегати дуюми НБО “Роғун» дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ ва барномаи рангини консертӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ зимни иштирок дар чорабинии тантанавӣ номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи иштирокдорони чорабинӣ расонид.

Сипас, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сокинон ва меҳмонони шаҳрро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода дода шудани агрегати дуюми НБО “Роғун» таҳният гуфта, афзуд, ки имрӯз дар сарнавишти Тоҷикистони азизамон боз як саҳифаи нави таърихӣ кушода шуд. Ба кор шуруъ намудани чархи дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” рўйдоди муҳим дар таърихи Ватани азизамон буда, бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Зеро “Роғун” таҷҷасумгари рамзи ормонҳои бузургу орзуҳои наҷиби халқи тоҷик аст.

Таъкид гардид, ки имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалигардонии чаҳор ҳадафи стратегии миллӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар қадамҳои устувор гузошта истодаст ва  он рўз дур нест, ки мо ба ҳамаи ин ҳадафҳо сарбаландона хоҳем расид.

Сипас, аз ҷониби ҶДММ “Авесто гуруҳ” барномаи рангини консертӣ бо иштироки сарояндагони маҳбуб Ҷамшед Исмоилов, Ҳасан Камол, Рустам Азимӣ, Нозими Юсуфзод, Дилрабо Қурбонова, Дамирбек Олимов, Ғуломчон Мирдадоев, Субҳиддин Раҷабзод, Домуллоҷон Юсупов, Олимҷон Маҳмудов, Манучеҳри Камол ва дигарон манзур карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Бахшида ба 28 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба истифода дода шудани агрегати дуюми НБО “Роғун» консерти идона баргузор шуд