Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Баргузории роҳпаймоӣ ба муносибати 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”

( 0 Овоз )

Беш аз 20 000 нафар сокинони шаҳри Хуҷанди бостонӣ ба муносибати 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» тариқи хиёбони Исмоили Сомонӣ то саҳни театри Камоли Хуҷандӣ роҳпаймоӣ намуданд.

Иштирокдорони роҳпаймоӣ таҳти шиорҳои «Муборак бод пирӯзии нур бар зулмот!», «Муборак бод бунёди Роғун бар миллати нурофари тоҷик!», «Муборак бод пирӯзии Роғун ба Сарвари ҷоннисори давлат!», «Муборак бод фараҳи нур ва сафои рӯшанӣ ба мардуми некманиши тоҷик!», «Нурборон бод зиндагии халқи некӯманиши мо!» «Мо бо Пешвои худ ифтихор дорем» ва ғайраҳо бо сурури шодмонӣ изҳори хушнудӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор андохта шуд, ки ин падидаи неки созанда ва дастоварди муҳимтарини мо дар самти боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли нерӯи барқ, таҳкими иқтидори энергетикии мамлакат аҳаммияти бунёдӣ дорад ва боз як қадами устувори мо дар ҷодаи таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории роҳпаймоӣ ба муносибати 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”